Мазҳаб Ҷумъа
“Метарсам аз бонк қарз бигирам”
Қиссаи соҳибкоре, ки аз бонк қарз гирифту дар замони пандемия
бо мушкилӣ пардохт кард.
Саидҷон Зарипов бо дипломи риштаи суханшиносӣ ҳудуди 10 сол мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд ба соҳибкорӣ машғул аст. Ӯ соли 2010 қадамҳои аввалини худро ба соҳибкорӣ гузошт ва дар ин ҷода ӯро падару модар кӯмак намуданд. Ҳоло ӯ дар яке аз дуконҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд ба фурӯши техникаи маишӣ машғул аст ва ҳар сол барои барои ворид кардани таҷҳизот аз кишварҳои хориҷа аз бонк маблағ қарз мегирад.

Ӯ мегӯяд, пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ бидуни қарзи бонкӣ дар шароити Тоҷикистон душвор аст ва худи ӯ аз соли 2015 инҷониб аз бонкҳо қарз мегирад. Саидҷон бори охир соли 2018 ба муҳлати се сол аз бонк ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ қарз гирифт, вале ба далели пандемияи коронавирус ҳудуди се моҳ натавонист онро пардохт кунад. Барои дер супоридани маблағи қарз бонк ӯро ҷарима кард.


Ҳамсуҳбати мо гуфт, баъзеи ҳамкоронаш то як сол натавонистанд, ки маблағи қарзи бонкии худро пардохт кунанд ва ин ба муфлисшавии фаъолияти онҳо сабаб шуд.
Ҳоло ки коронавирус давом дорад, ман дигар метарсам, ки аз бонк қарз бигирам, чунки шояд вазъ вахим шавад ва натавонам қарзро баргардонам. Вале агар бонкҳо имтиёз ва сабукиҳо пешниҳод намоянд ё барои соҳибкорон иқдомҳои махсус роҳандозӣ кунанд, имкон дорад, барои рушди соҳибкорӣ қарз бигирам. Кори мо ки пеш рафт, ба буҷаи давлат бештар андоз месупорем ва дар пешрафти ватан саҳм мегузорем.
Саидҷон Зарипов, соҳибкори ҷавон

- Пандемияи коронавирус ба ҳама соҳаҳо таъсири худро расонид. Мардум пул надоранд. Қисме аз муҳоҷирон, ки аҳолии мо ба онҳо вобаста мебошанд, маблағ равон намекунанд, як қисми дигар натавонистанд ба Русия барои кор раванд. Агар онҳо ба Русия раванду корашон хуб шавад, дар ин ҷо савдои мо низ хуб мешавад.

Саидҷон аз он изҳори нагаронӣ мекунад, ки фоизи қарзи бонкҳо зиёд аст ва онҳо дар ҳолатҳои ногувор ба мисли таъсири пандемия ба аҳолӣ сабукӣ ва имтиёзҳо пешниҳод намекунанд.

- Он дастгирие, ки аз ҷониби бонкҳо дар давраи пандемия барои соҳибкорон пешниҳод мешавад, дастгирӣ ҳисоб намеёбад. Мисол 100 ҳазор сомонӣ қарз мегирем мегӯянд, ки ба шумо имтиёз як моҳ дертар супоред. Ин дастгирӣ нест, лоақал шаш моҳ ё як сол баргардонидани қарзи моҳонаро ба таъхир гузоранд, инро мешавад гӯед, ки дастгирӣ аст, - шикоят намуд ҳамсуҳбати мо.


Ин соҳибкори тоҷик пешниҳод кард, ки бонкҳои давлатӣ бо соҳибкорони ҷавон бояд имтиёз диҳанд ва дар доираи ягон барномаи давлатӣ миқдори қарз зиёдтару фоизи он камтар шавад.


»
Соҳибкор вақте аз бонк маблағ қарз мегирад танҳо барои баргардонидани қарз кор намекунад. Мисол ҳоло ба ягон бонк ба хотири гирифтани маблағ муроҷиат кунем аз 30% зиёд аст. Аз то 32% солона фоиз мегиранд ин хело зиёд аст.
Агар 100 ҳазор сомонӣ герем 10 ҳазор доллар ҳам намешавад, лекин солона 30% мегиранд, ки ин зиёд аст. Аз ҳамин 10 ҳазор сомоние, ки мегирем базӯр 10% даромад мегирем, ки 6% ба андоз супорида мешавад ва боз ба бонк месупорем, ки пешрафти соҳибкорӣ хело душвор аст, - гуфт Саидҷон Зарипов.

Вай ҳамчунин, пешниҳод кард, ки барои рушду дастгирии ин соҳа дар замони суст шудани кори савдо аз онҳо аз 3 то 6 моҳ фоизи қарзро наситонанд.

- Аллакай се сол мешавад, ки коронавирус ҳукмрон аст ва хело душвориҳо ба мо овард. Мо дар ҳамин сол аз бонк қарз гирифта будем, албатта бонк имтиёз ҳам дод, лекин он имтиёз басанда нест. Имтиёз доданд як моҳ ҳамон маблағро намесупоред ва баъди як моҳ месупоред. Лекин ин басанда набуд. Ин беморӣ танҳо дар Тоҷикистон нест, дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Хуб мешуд ҳамин имтиёзҳо бештар мешуд, -пешниҳод кард ӯ.

Бино ба мушоҳидаҳо давоми ду соли ахир даромаднокии соҳибкорон, бахусус ин соҳибкори ҷавон коҳиш ёфта монеи пешрафти кор шудааст.

Мардум камтар ба дари дӯконҳои фурӯши молҳои техникӣ меоянд. Соҳибкорон низ ба далели коҳиш ёфтани мизоҷонаш молҳои воридотиро камтар кардааст.
Ин дар ҳолест, ки аз нигоҳи Саидҷон Зарипов мебоист, моли бисёр ворид мекарду даромади зиёд ба даст меовард ва қарзҳои бонкиро пардохт мекарданд. Зеро дар сурати насупоридани қарз аз онҳо ҷарима меситонанд.




Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки азҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.

This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website